Семинари омӯзишӣ: донишҷӯён усулҳои кор бо технологияҳои муосирро омӯхтанд

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология семинари омӯзишӣ доир гардид. Ин иқдом дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба роҳ монда шуд.

Дар семинар роҳу усулҳои кор бо тахтаи электронӣ ва дигар технологияҳои муосир, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор мегирад, омӯзонида шуд.

Ҳадаф аз семинари мазкур баланд бардоштани дониш ва маҳорати донишҷӯён ҷиҳати истифода аз усулҳои муосири таълим унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ