Гурӯҳи ташаббускори Ситоди донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд корҳои поккорӣ гузарониданд

Гурӯҳи ташаббускори Ситоди донишгоҳии Муассисаи давалтии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар биноҳои №66, 68 ва 68-и микроноҳияи 13-уми шаҳри Хуҷанд корҳои поккорӣ (дезинфексионӣ) гузарониданд.

Бино ба иттилои муовини рекор оид ба корҳои иқтисодӣ-молиявӣ, Шараф Раҳмонов иқдоми мазкур дар ҳамкории шуъбаи санитарию эпидемологӣ дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифтаст.

Номбурда афзуд, ки дар ин замина аз бошандагон даъват ба амал оварда шуд, ки ба гигиенаи шахсӣ ва умумӣ риоя намуда, мунтазам дастонро бо маҳлулҳои спиртдори антисептикӣ безарар ва собун шустушӯ намоянд.


Тавсия гардид, ки ҳангоми сулфа ва атса задан даҳон ва бинии худро бо рӯймолча ё оринҷи даст пӯшонидан, дар ҳолати доштани таби баланд, сулфа ва душворшавии нафаскашӣ ба табибон муроҷиат намоянд, то худ ва ҳаёти дигаронро зери хатар нагузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ