​Моҳи фарҳанги сухан ва ҳуҷҷатнигорӣ

Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2017, №276 “Дар бораи дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қарори ҷаласаи раёсати донишгоҳ аз 13.09.2019, №1, ва ба ин васила, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузорӣ дар сохторҳои донишгоҳ, такмили дониш ва малакаи кормандон оид ба имлои забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз 1-ум то 31-уми октябри соли ҷорӣ “Моҳи фарҳанги сухан ва ҳуҷҷатнигорӣ” эълон карда шудааст.

Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ дар факултету кафедраҳо силсилаи чорабиниҳо, аз қабили озмуни “Диктанти молиявӣ” байни донишҷӯёни факултетҳои молия ва иқтисодиёти бозор, телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ (марҳалаи таҷрибавӣ), озмуни “Коргузори беҳтарини донишгоҳ” ва диктанти оммавӣ таҳти унвони “Рӯзи ягонаи савод” ташкил ва баргузор гашта, нашри дастурамали коргузорӣ бо номи “Асосҳои имло ва ҳуҷҷатнигорӣ” ба назар гирифта шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ