Факултети забонҳои хориҷӣ: Ҳамоиши ифтитоҳии таҷрибаомӯзон
Ҳамоиши ифтитоҳии таҷрибаомӯзии донишҷӯёни соли 4-уми факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гашт.
Дар ҳамоиш декани факултет, профессор Меҳриниссо Абдуллоева сухан карда, зикр дошт, ки яке аз самтҳои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир ин омода ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо ҳангоми гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва омӯзгорӣ мебошад. Илова гашт, ки дар ҷараёни таҷрибаи педагогӣ на танҳо омодагии назариявӣ ва амалии донишҷӯён ба фаъолияти мустақилонаи педагогӣ санҷида мешавад, балки ҳамзамон имконоти захираҳои эҷодии минбаъдаи касбии онҳо ғанӣ мегардад.
Сипас, мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ, Исмоил Пӯлотов оид ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ ва вазифаи роҳбари синф дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва фаъолияти донишҷӯён дар раванди таҷрибаомӯзӣ сухан кард.
Маврид ба зикр аст, ки барои гузаронидани таҷрибаи педагогӣ донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии№ 6, 7,9, 13,15, 16, 21, мактаб-гимназияи №1, мактаб-гимназияи №4-и ш. Хуҷанд, мактаби №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мактаби хусусии “Паймони Азизон”, муассисаҳои таълимии ғайридавлатии Гимназияи “Сафина” ва Гимназияи “Кавсар” вобаста шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил