Мастер-класси байналмилалӣ оид ба таълими забони русӣ

Дар толори раёсати донишгоҳ мастер-класси байналмилалӣ тариқи онлайн доир гардид, ки дар он зиёда аз 150 нафар омӯзгорон, аспиранту магистрантон ва донишҷӯёни факултети забон ва адабиёти рус иштирок намуданд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар вилояти Суғд (Россотрудничество) ташкил шуда, ҳадаф аз он инкишофи таълими забон ва адабиёти рус маҳсуб меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки дар мастер-класс мутахассисони варзида, сафирони забони русӣ дар ҷаҳон аз Федератсияи Россия иштирок ва маърӯза намуданд. Андреева Наталя Владимировна, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти факултети забони русии Донишгоҳи дуюми забонҳои хориҷии Пекин дар бораи принсипҳои педагогика ва усулҳои муосири омӯзиш ва таълими забони русӣ сухан намуд.

Оид ба усулҳои интерактивии таълими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ Рябова Евгения Александровна, муаллими адабиёти "Мактаби нав" аз Маскав маърӯза намуд. Номбурда бо мисолҳои мушаххас ба суоли “Дарси забон ва адабиёти рус бояд чӣ гуна бошад?” посух дод.

Перомуни воситаҳои шавқовари мустаҳкамкунии дарс ва истифодаи бозиҳои гуногун аз ҷониби Филиппова Варвара Михайловна, номзади илмҳои педагогика, мудири кафедраи таҷрибаомӯзии мутахассисони хориҷии Донишгоҳи давлатии забони русии ба номи А.С.Пушкин маърӯза шунида шуд.

Ҳамзамон, дар бораи паҳлуҳои муҳими масоили мавриди матраҳ Сатторова Фирӯза Мақсудовна, муовини раиси Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия (Россотрудничество) дар вилояти Суғд ва Дӯстматова Шаҳло Валиевна, декани факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров андеша ва пешниҳодоти худро баён намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ