​Спартакиада: Ғолибон дар бозии волейбол муайян гаштанд

Дар даври ниҳоии бозии волейбол дастаи кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва раёсати донишгоҳ барои ҷойи аввал ва факултети математика ва факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттиллотӣ барои ҷойи сеюму чорум байни ҳам қувва озмуда, дар натиҷа бозии барои ҷойи аввалу дуюм ба ҳисоби 2:0 ва мавқеи сеюму чорум 1:2 хотима ёфтанд.

Ба ин тартиб байни мардон мақоми аввалро дастаи кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, ҷойи дуюмро раёсати донишгоҳ, мавқеи сеюмро факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттиллотӣ ва зинаи баъдиро факултети математика касб намуданд.

Байни бонувон ҷойи аввалро дастаи факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттиллотӣ касб намуда, зинаҳои баъдӣ насиби дастаи бонувони факултети математика ва факултети забонҳои шарқ гардид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Спартакиадаи “Саломатӣ” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар ҷомеа ва тарзи ҳаёти солим байни устодону профессорон аз рӯи 5 намуди варзиш, аз ҷумла, шоҳмот, шашка, дартс, волейбол, тенниси рӯи мизӣ роҳандозӣ гаштааст.

Спартакиада то 25-уми январ ҷараён гирифта, аз ҳисоби беҳтарин даста ва бозигарон тими донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар Спартакиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таълимии олӣ ва касбӣ интихоб карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ