​Таҳсилоти фосилавӣ низоми писандидаи донишҷӯён

Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои олии кишвар, аз ҷумла дар Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" тадбирҳои амалӣ ба роҳ монда шудааст.

Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҷаҳонишавии низоми таҳсилоти олии касбӣ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос тавассути таҳсилоти фосилавӣ, дар асоси “Низомнома оид ба маркази таҳсилоти фосилавӣ” дар назди раёсати таълим маркази таҳсилоти фосилавӣ ихтисос дода шуд.

Таҳсилоти фосилавӣ - ин худ тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ буда, таълим гирифтан дар масофа мебошад. Ин тарзи таҳсил имкон медиҳад, ки хароҷоти донишҷӯ то 2 - 3 маротиба кам шавад. Онҳое, ки дар муассиса ва ё ягон корхона фаъолият доранд, аз истеҳсолот ҷудо нагардида, бо воситаи интернет соҳиби дониш ва ихтисоси зарурӣ гарданд. Дар системаи таҳсилоти фосилавӣ интиқоли маълумот дар намуди маводи мултимедӣ ва барномаҳои махсус амалӣ карда мешавад.

Мастонаи Бахтиёр, донишҷӯи соли аввали факултети биология-химия ба тарзи фосилавӣ дар донишгоҳ таҳсил менамояд. Ӯ мегӯяд, ки чунин таҳсил намудан барояш писанд аст, зеро дар баробари иҷрои корҳои хона метавонад дар муддати муайян соҳиби маълумоти олӣ шавад.

Нодира Файзиева - шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ҳоло донишҷӯи соли аввали факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус мебашад, арз дошт, ки чун аз низоми таҳсилоти фосилавӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд огоҳ шудааст, хоҳиши таҳсил намудан ба ин муассисаро пайдо кардааст. “Айни ҳол дар баробари корманд буданам, машғулиятҳои таълимиамро озодона бо воситаи компютер иҷро менамоям. Ин тарзи таҳсил барои баланд намудани маълумоти касбиам мусоидат менамояд”- мегӯяд ӯ.

Тибқи иттилоъ айни ҳол барои донишҷӯёни соли аввали шакли таҳсилоташон фосилавӣ курси омӯзиши технологияи компютерӣ ташкил гардида, ки он беш аз 200 нафар донишҷӯро дар бар мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли таҳсили 2019-2020 дар донишгоҳ аз рӯи 77 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ