ДДХ: 3 нафар донишҷӯён стипендияи КҶВ – ро гирифтанд

3 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ба гирифтани стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 сазовор гардиданд.

Ба ғолибон - Қаҳорова Мадинахон, донишҷӯи курси 2 аз факултети забонҳои шарқ, Устобобоева Ситора, донишҷӯи курси 3 аз факултети таърих ва ҳуқуқ ва Заҳриддинзода Сайриддин, донишҷӯи курси 3 аз факултети геоэкология зимни маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кор бо ҷавонон шаҳодатнома ва стипендия супорида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кор бо ҷавонон дар Кохи Суруш доир гардида, ҷавонони фаъолу лаёқатманд қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ