Сарфарозиддин Имориддинов дар “Шоҳномахонӣ” мақоми аввалро соҳиб гашт
Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси вилоят озмуни “Шоҳномахонӣ” баргузор гардид.
Озмун аз рӯи 7 намуди номинатсия, аз қабили ҳифзи абёти “Шоҳнома”, суолу ҷавоб доир ба романи “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода ҷарён гирифта, дар он 25 донишҷӯ байни ҳам қувва озмуданд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро донишҷӯи соли чорум, Сарфарозиддин Имориддинов, ҷойи дуюмро донишҷӯи соли дуюм, Махфират Тошзода ва ҷойи сеюмро донишҷӯи соли дуюм Рахшона Рустамзода касб намуданд.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят сарфароз шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил