​Бар қудуми фаррухи Наврӯз, сипос!

Чунин унвон дошт чорабинии адабӣ-фарҳангӣ, ки ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз дар китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҳозиринро бо Наврӯзи хуҷаста шодбош намуда, гуфт, ки Наврўз аз зумраи он ҷашнҳоест, ки дар баробари дигар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардида, ҷойгоҳи арзишманд ва мақоми волоро касб намудааст. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, меҳру садоқат ва анъаноти неки ниёгон мебошад.

Дар идома, Ҷамшед Ҷӯразода доир ба фаъолияти китобхона ибрози назар карда, гуфт, ки дар китобхонаи марказии донишгоҳ беш аз 300 000 китоб маҳфуз буда, донишҷӯён ва устодон аз он васеъ истифода мебаранд, ки имрӯз бо ибтикори директори он Дилбар Самадова ин махзан ба маркази илм ва маънавии донишгоҳ мубаддал гардидааст.

Ҳамчунин, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона сухан карда, ҳамагонро ба муносибати Наврӯзи байналмилал табрик ва орзуи некрӯзиву хушиқболии мардуми кишварро намуд.

Дар идома оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллӣ, бадеҳахонӣ, ва саҳнаи театрикунонидашуда ва ҳаҷвӣ ба намоиш гузошта шуд.

Пас аз он, як қатор кормандони китобхона аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ сипоснома қадршиносӣ гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ