​Фаъолони маҳфили "Нерӯи сухан" қадршиносӣ шуданд

Дар доираи таҷлил аз Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як қатор аъзои фаъоли маҳфили "Нерӯи сухан" бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода зимни чорабинии тантанавӣ таъкид дошт, ки маҳфили "Нерӯи сухан" донишҷӯёни фаъолу эҷодкорро муттаҳид намуда, ҷиҳати пур намудани фазои иттилоотӣ саҳми арзишманд мегузорад.
Гуфта шуд, ки ҳадаф аз ташкили маҳфили мазкур баланд бардоштани дониш ва маърифати ҷавонон, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус, инкишофи ҷаҳонбинии донишҷӯён ва такмили маҳорати нигорандагӣ ва эҷодии ҷавонон маҳсуб меёбад.

Хотиррасон менамоем, ки маҳфили "Нерӯи сухан" соли 2018 тибқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ташкил шуда, дар доираи он то имрӯз беш аз 160 нафар донишҷӯён ба омӯзиш ҷалб гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ