Насби таҷҳизоти баландсуръати Wi – Fi

Дар факултети телекомуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бо ташаббуси кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ 5 адад таҷҳизоти Wi – Fi насб карда шуд.

Гуфта мешавад, ки суръати паҳншавии таҷҳизоти Wi – Fi то 100 мб/с мебошад.

Насби ин таҷҳизот, пеш аз ҳама, бо мақсади таъмини дастрасии устодону донишҷӯён ба интернети баландсуръат амалӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки таҷҳизоти Wi – Fi тамоми факултети телекомуникатсия ва технологияҳои иттилоотиро фаро гирифта, имкон медиҳад, ки устодони факултет саривақт бали ҳамарӯза ва иштироки донишҷӯёнро ба дарс баҳогузорӣ намоянд.

Ҳамзамон, донишҷӯён метавонанд тариқи интернети дастрас бо натиҷаи санҷишҳои фосилавӣ, санҷишҳои ҷорӣ ва холи ҳаррӯзаина шинос гарданд.

Дар назар аст, ки баъд аз пурра коркард шудани лоиҳаи мазкур таҷҳизоти Wi – Fi дар тамоми факултетҳои донишгоҳ насб мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ