КМ: клуби “Дӯстдорони китоб” таъсис ёфт

Дар назди Китобхонаи марказии донишгоҳ клуби “Дӯстдорони китоб” таъсис ёфт. Ин иқдом ҷиҳати баланд бардоштани маърифати донишҷӯён ва тарғиби фарҳанги китобдустӣ ба роҳ монда шуда, ҳадафи асосии он дарёфти донишҷӯёни асили китобдӯст ва муттаҳид намудани ҷавонони лаёқатманд унвон мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ҳар нишаст аъзоёни клуби “Дӯстдорони китоб” перомуни як китоб мубодилаи афкор намуда, мазмуну муҳтаво ва аҳамияти онро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки аъзоёни маҳфил давоми моҳ ду маротиба ҷамъ омада, аз ҳар нишаст то нишасти дигар мутолаи як китоби муайян супориш дода мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ