​Мизи мудаввар: «Ашъори Мирзо Турсунзода»

Дар факултети филологияи рус дар доираи “Ҳафтаи забони русӣ” бахшида ба 110-солагии Мирзо Турсунзода мизи мудаввар баргузор шуд. Ин иқдом таҳти унвони “Ашъори Мирзо Турсунзода” бо ташаббуси дотсенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ Ёрова Сабоҳат ба роҳ монда шуд.

Донишҷӯён аз ҳаёт ва фаъолияти шоир Мирзо Турсунзода маълумот ироа карда, аз ашъори мавсуф шеърҳо қироат карданд.

Гуфта шуд, ки тамоми зиндагии Мирзо Турсунзода тимсоли хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Муҳаббати поки устод Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард.

Шеърҳои устод Турсунзода бо тарҷумаи забони русӣ низ аз тарафи донишҷӯён қироат шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ