​Геоэкология: Фестивали атласу адрас доир гардид

Дар факултети геоэкология Фестивали атласу адрас баргузор шуд, ки ҳадаф аз он тарғиби либоси миллӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллии донишҷӯён ва таҳкими худшиносии ҷавонон унвон мешавад.

Дар Фестивал донишҷӯён аз тамоми кафедраҳои факултет иштирок намуда, байни ҳам маҳорат санҷиданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии мазкур декани факултет Аминов Мӯъминҷон, намояндагони Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумхурии Точикистон - Давлатзода Мухайё ва Самадзода Бунафша, мудири шуьбаи тарбияи раёсати донишгоҳ Шомирзоев Бахтиёр иштирок намуданд.

Иштирокчиён аз рӯйи як қатор шарти озмун рақобат намуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон беҳтаринҳо муайян шуданд.

Мувофиқи хулосаи ҳакамон ҷойи аввалро кафедраи геоэкология ва методикаи таълим, чойи дуюмро кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография ва ҷойи сеюмро кафедраҳои географияи табиӣ ва кафедраи экология ва ҳифзи табиат сазовор шуданд.

Ғолибон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маҳина Раҳмонова,

аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ