​Хуҷанд: Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони "Дониш талабу бузургӣ омӯз!"

Наздик 400 нафар муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ворид шуданд.

Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Дониш талабу бузургӣ омӯз..." имсол дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардида, дар он донишҷӯёни 35 муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Маросими ифтитоҳи олимпиада субҳи имрӯз дар Кохи фарҳангии "Суғдиён" баргузор шуд.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Диловар Баҳриддин маросимро ифтитоҳ намуда, оид ба ҳадафи ташкили олимпиада сухан кард. Номбурда таъкид намуд, ки имсол Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи 14 фанни таълимӣ ҷараён гирифта, ҳадаф аз ин ташаббус дарёфти ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва донишҷӯёни саводнок, тавсеаи нерӯи зеҳнӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбӣ, муайян намудани сатҳи дониш ва тафаккури донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Тоҷибой Султонӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ва ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷамшед Ҷӯразода доир ба зарурияти ташкили олимпиада ва анвои гуногуни озмунҳо байни ҷавонон, нақши илму маориф ва ҷойгоҳи масоили марбут ба рушди илму маориф дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карданд.

Гуфта шуд, ки олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар баробари муаррифӣ намудани ҷавонони соҳибмаърифат, инчунин ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои илму маърифат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Довталабонро бо шартҳо ва тартиби баргузории озмун муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Мирзозода Наврӯз Довудхӯҷа шинос намуд.

Пас аз ҷамъбасти маросими ифтитоҳ иштироки довталабон ба олимпиада, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров идома мекунад, таъмин гардида, донишҷӯён аз рӯйи фанҳои таълимӣ ҷобаҷо гардиданд.

Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати иштироки довталабон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, баҳри шаффоф доир ва ҷамъбаст гардидани он тамоми тадбирҳои судманд андешида шудааст.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ