​Ба таваҷҷуҳи муҳассилини муассисаҳои таълимии миёна!

Бо ташаббуси факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» рӯзҳои 1-2 марти соли 2021 Олимпиада байни хонандагони муассисаҳои таълимии миёна аз рӯйи барномарезӣ барои дарёфти «Ҷоми Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» баргузор мегардад.

Олимпиада дар доираи эълон шудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ташкил шуда, ҳадаф аз ин иқдом дарёфти муҳассилини болаёқат, ҷалби ҷавонон ба илмҳои дақиқ ва тавсеаи тафаккури техникии онҳо унвон мешавад.

Тибқи Низомномаи олимпиада хонандагон ҷиҳати иштирок бояд то санаи 1-уми марти соли 2021 аз қайди электронӣ (суроға: http://forum.ksu.tj ) ва ё то соати 09:30 аз қайди расмӣ гузаранд.

Тартиби муайян намудани сатҳи донишандӯзии довталабон дар намуди ҳалли масъалаҳо дар компютер ва тафтиши ҳалҳо ба таври худкор дар асоси системаи Ejudge ба роҳ монда мешавад.

Макони баргузорӣ: шаҳри Хуҷанд, Хуррамшаҳр, бинои таълимии №1, факултети телекоммуникатсия ва ТИ, ошёнаи 3.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ