​Пешвои файзбору пурсафо

Қудуми мубораку файзовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишвар тавасути сафарҳои корӣ ба диёри азизамон ҳусну тароват, файзу барокоти бемисл меоварад. Маъракаи омодагӣ ба пешвози меҳмони олиқадр аз гулпӯш намудани маҳалҳои зисту мумфарш намудани роҳҳо, бунёди муасисаҳои соҳаи маорифу марказҳои савдою хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкорон, шукӯҳи хосаи рӯҳияи мардум ва дигар амалҳои созандаи мардумӣ таркиб меёбад, ки шаҳодати дӯстдори ҳамагон будани Пешвои муаззами миллат мебошад. Ҳар як шаҳрванди боорияти диёр кӯшиш менамояд, ки дар ин маъракаи умумихалқӣ саҳме гузораду аз файзу эҳсони қадами файзбори ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бебаҳра намонад. Хусусан, қишри ниёзманди ҷомеа – ятимону бепарасторон бесаброна интизори ташрифи Ҷаноби Олӣ мебошанд. Зеро, онҳоро падари маънавӣ ҳастанду ҳамеша таваҷҷӯҳи хоса ба онҳо зоҳир менамоянд. Тӯҳфа намудани сару либоси баҳоронаю зимистона, пойафзол, маблағҳои сарафрозӣ, хусусан китоб ба ятимону бепарасторон сари як мизи серанвои хурока дар толорҳои барҳаво аз ҷониби Пешвои муаззами миллат як анъанаи неки даврони соҳибистиқлолии кишвар аст, ки шаҳодати умеди неки оянда ва суботу пойдории ҷомеа мебошад. Алалхусус, гуфторҳои самимонаю падаронаи шахсияти маҳбуби дилҳо ҳамаро рӯҳбаланду қалбҳоро фараҳ мебахшад, ки заминаи маҳбубият ба Ватан шудааст.

Раъиятпарварию ғамхорӣ, инсондӯстиву хирадмандӣ, дурбиниву дурандешӣ ва хислатҳои дигари волои инсонии Пешвои муаззами миллатро ҳар як тоҷикистонӣ эҳсос намудаву ифтихор ба сарвари худ мекунанд. Новобвста аз паҳншавии бемории сироятии COVID – 19, касодии маводи хӯрока, гароншавии нархҳои маҳсулот ва падидаҳои мушкилотҳои ҷаҳонӣ вориси арзандаи Исмоили Сомонӣ ҳамеша бо чеҳраю дили кушод, қалби ҳассосу пурмеҳр бо аҳолӣ мулоқот менамоянду аз аҳволу рӯзғори ҳар як оилаи тоҷикистонӣ пурсону бохабар мешаванд.Оростани сӯҳбати гуворо бо кӯдакони беғашу муҳассилини муассисаҳои маориф касро ба ваҷд оварда далолат медиҳад, ки шахсияти пурмеҳру ғамхору хоксор Ватанамонро Пешво асту пеш мебарад. Шукронаи Офаридгор, ки чунин сарвари оқилро ба моён насиб донистаасту ҳамеша дуои ҷону толеи баландаш мекунем ва таманно менамоем, ки бо тансиҳативу дурандешӣ солҳои минбаъда низ сарвари мо бошанду ифтихори мо.

Хуш омадед, эй фиристодаи Худо!!!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ