​Геоэкология: донишҷӯёни соли чорум таҷрибаомӯзӣ доранд

Шурӯъ аз 5-уми октябри соли равон таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултети геоэкология идома дорад. Ташаббуси мазкур ҷиҳати хуб ба роҳ мондани сифати таълим ва самаранокии он, вусъати тафаккури техникиву ҷаҳонбинии истеҳсолӣ ва такмили маҳорати донишҷӯён ба роҳ монда шудааст.

Бино ба иттилои садорати факултети геоэкология таҷрибаомӯзии донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси географияи факултет бо роҳбарии сармуаллима Охунова. С.А. дар муассисаи таҳсилоти миёни умумии 14-и шаҳри Хучанд ҷараён дорад.

Гуфта мешавад, ки дар доираи таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён дар дарсҳои омӯзгорон иштирок ва аз роҳҳои истифодабарии методи муосири таълим, кор бо аёниятҳо, нозукиҳои муносибат бо хонандагони сустхон ва роҳҳои гузаронидани таълими салоҳиятнокӣ огоҳӣ пайдо намуданд.

Ҳамзамон, давоми ҳафтаи дуюми таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён барои хонандагони синфҳои 8-11 дарсҳои тарбиявӣ гузаронида, дониши назариявии худро дар амал татбиқ доранд.

Ҷиҳати мусоидат ба таҳкими маҳорати таҷрибаомӯзон декани факултети геоэколгия, дотсент Аминов Муъминҷон Ҳаётуллоевич ва мудири кафедраи геэоколия ва методикаи таълим, роҳбари таҷрибаомӯзии омӯзгории факултет Дадохон Ғуфранов бо ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён шинос шуда, ба таҷрибаомӯзон маслиҳатҳои муфид ироа намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ