Факултети физикаю техника: Дарси кушоди донишгоҳӣ

1-уми марти соли ҷорӣ дарси кушоди донишгоҳӣ таҳти унвони «Истифодабарии имконияти замимаи ороишии барномаи MsPowerPoint 2010» аз тарафи сармуаллими кафедраи электроникаи факултети физикаю техника А. Усмонов ташкил ва гузаронида шуд.

Дар дарси кушод декани факултети физикаю техника, дотсент М. Шамсидинов, муовини декан оид ба илм ва инноватсия сармуаллим Н. Умаров, мудири кафедраи электроника, профессор Ҳ. Тошхӯҷаев, дотсент Т. Ашӯрова, сармуаллима Н. Бобоева иштирок намуданд.

Дарси кушод бо истифодаи технологияи инноватсионӣ сурат гирифта, аз қисматҳои баёни мавзӯи нав, мустаҳкамкунӣ бо воситаи саволномаҳо дар намуди шифоҳӣ, тестӣ, истифода аз тахтаи интеррактивӣ ва ғайра иборат буд.

Декани факултет дотсент М. Шамсидинов баромад намуда, гуфт, ки дарс дар сатҳи баланди илмӣ-методӣ гузашта, аз тахтаи электронӣ бо истифодаи барномаи RioStudio моҳирона истифода бурда шуд. Сипас, устодон ва донишҷӯёнро бо фарорасии фасли баҳор табрик намуда, ба онҳо дар таҳсили минбаъда ва фаъолияташон муваффақият таманно намуд.

Дар интиҳо дарси кушод мавриди муҳокима қарор гирифта, сазовори баҳои баланд дониста шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ