Ғолибияти дастаи раёсати донишгоҳ дар даври ниҳоии мусобиқаи футбол

Имрӯз, санаи 26-уми октябри соли 2020 даври ниҳоии мусобиқаи футбол байни кормандону омӯзгорони донишгоҳ бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло доир шуд.

Даври ниҳоии мусобиқаи футбол байни дастаҳои Раёсати донишгоҳ ва факултети санъати тасвирӣ ва технология баргузор шуда, мусобиқа ба манфиати дастаи Раёсати донишгоҳ бо ҳисоби 2 : 0 анҷом ёфт.

Мувофиқи натиҷаи мусобиқа дастаи факултети санъати тасвирӣ ва технология ба гирифтани мақоми дуюм ва дастаҳои факултети математика ва геоэкология сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ҳамзамон, Маҳмудов Исмоилҷон аз дастаи раёсати донишгоҳ ҳамчун беҳтарин бозингари мусобиқа ва Масолиев Абдулло бо задани 10 гол беҳтарин нишонзан дониста шуданд.

Ҷамшед Ҷӯразода, ректори донишгоҳ ғолибони мусобиқаро табрик гуфта, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Профессор Ҷӯразода Ҷамшед таъкид дошт, ки дар донишгоҳ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш тадбирҳои судманд амалӣ шуда, ин иқдом минбаъд низ вусъат хоҳад гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки мусобиқаи футболи хурд байни омӯзгорону кормандони донишгоҳ давоми ҳафтаи равон ташкил гардид, ки дар он 17 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ