​Баррасии масоили муҳим дар доираи мизи мудаввари байналмилалӣ

Дар толори хурди раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” онлайн - мизи мудаввари байналмилалӣ доир гардид. Мизи мудаввар дар мавзӯи “Афзалиятҳо ва мушкилоти мубодили академии донишҷӯён ва омӯзгорон байни донишгоҳҳои ҳамкор дар Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон” сурат гирифт ва дар он муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣДавлатзода Рухсора, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сабурӣ Хайрулло, сардори шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот Маҳмадшоев Маҳмадшо, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣСидикова Мадинахон ва декани факултети телекоммуникатсия ва ТИ Узоқова Гулнора иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Оши Ҷумҳурии Қирғизистон К. Кожобеков мизи мудаварро ифтитоҳ намуда, аз мақсади он таъкид дошт. Мавзӯи “Мубодили академӣ: муаммо ва роҳҳои ҳалли он” аз ҷониби директори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дотсент А.А. Абдувалиев муаррифӣ шуд.

Қайд гардид, ки баргузории мизи мудаввар ҷиҳати ҳалли масоили муҳим, ки дар пайи пандемияи COVID – 19 ба миён омадааст, нақши муассир дорад.

Рухсора Давлатзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ перомуни мавзӯи мавриди матраҳ ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омода аст, ки ҷиҳати татбиқи раванди мубодили академӣ дар шароити COVID-19 тадбирҳои муҳим роҳандозӣ намояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ