​“Фарҳанги оиладорӣ” фарҳанги либоспӯширо баррасӣ намуд

Дар факултети забонҳои шарқ таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” маҳфили навбатии "Фарҳанги оиладорӣ" доир гардид.

Дар маҳфил масъулини шуъбаи кор бо занони донишгоҳ, намояндагони раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Номзади илмҳои филологӣ, сармуаллимаи кафедраи забони англисӣ Гулорохон Тӯраева оид ба мавзӯи мавриди назар маърӯза намуд. Номбурда доир ба таҳқиқоти антропологи машҳур Ҷон Бодли дар бораи тамаддун ибрози назар намуда, диққати иштирокчиёни маҳфилро ба тундгароии диние, ки дар муносибат ба либос ифода меёбад, ҷалб кард.

Ҳамзамон, натиҷаи пурсиши афкор, ки аз ҷониби Гулорохон Тӯраева дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гузаронида шуд, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Маҳфил тавассути усули коммуникативӣ-интерактивӣ сурат гирифта, тамоми иштирокчиён имкон пайдо намуданд, перомуни мавзӯи мавриди матраҳ андешаҳои худро баён намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ