Паём роҳнамо ва роҳкушои миллат

Санаи 11-уми феврали соли 2021 дар толори факултети санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров мулоқот таҳти унвони “Паём роҳнамо ва роҳкушои миллат” ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Исмоилов Хайёмиддин, муовини декан оид ба тарбия Аҳадов Файзулло ва як қатор устодон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини декан оид ба тарбия Аҳадов Файзулло мулоқотро оғоз намуда, зикр дошт, ки ҳамасола бо натиҷагирӣ ва муайяну мушаххас намудани нақшаву барномаҳои мукаммалу мушаххас, ки ба рушди босуботи Тоҷикистони маҳбуб ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи сокинон мусоидат менамояд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамоянд. Маҳз ироа гардидани Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади роҳнамову меҳварӣ бурду бохти тамоми ҷанбаҳои фаъолияти ниҳодҳои давлативу ҷамъиятиро фаро гирифта, дар заминаи он ҳадафҳои рушд дар тамоми соҳаҳо мушаххас мегарданд.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Исмоилов Хайёмиддин баромад намуда, қайд намуд, ки мақом ва манзалати Паём дар ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи давлату давлатдорӣ ва рушду суботи Кишвари азизамон ба шумор меравад. Ҳамчунин дастурамали корӣ барои ҳар як узви ҷомеаи мутамаддин буда, барои боз ҳам инкишоф додани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъитӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, Паёми Пешвои миллат аз ҳамаи аҳли ҷомеа талаб менамояд, ки барои рушди ҷомеа дастаҷамъона бо азму неруӣ хештаншиносӣ, ватанпарастиро пеша намуда барои рушди устувори мамлакат камари ҳиммат баста, соҳаҳои мухталифи ҷомеаро инкишоф диҳанд.

Дар фарҷом мубодилаи афкор байни иштирокдорон сурат гирифт.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ