Оғози фаъолияти маҳфили навтаъсиси "Робототехника"

Нахустин нишасти ҳайати маҳфили навтаъсиси «Робототехника» бо ширкати беш аз 20 донишҷӯи ихтироъкор баругзор гашт.

Фаъолоияти маҳфил дар доираи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ бахшида ба эълони солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» бо мақсади рушди тафаккури техникии ҷавонон бо ташаббуси кафедраи барномарезии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил ва ба роҳ монда шуд.

Дар маҳфили «Робототехника» донишҷӯён амалишавии лоиҳаҳоро бо истифода аз усулҳои бозӣ ва фикрронии коллективӣ меомӯзанд. Равияҳои асосҳои электротехника, барномарезӣ, математика, муҳандисӣ ва механика барои иштирокчиён дар рафти корҳои амалии маҳфил наздиктар гашта, дониши онҳо нисбат ба равияҳои мазкур ғанитар мегардад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ