​Факултети таърих ва ҳуқуқ: Мақсади ман- васеъ намудани ҷаҳонбинии хонандагон

Санаи 21-уми феврали соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 ба номи Турсун Ӯлҷабоев воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарси таҷрибаомӯз донишҷӯи бахши чорумифакултети таърих ва ҳуқуқ Ҷаҳонгир Махкамов бо хонандагони синфи 9 “В” баргузор гардид.

Дар дарс ҳайати устондони факултети таърих ва ҳуқуқ, омӯзгорӣ фаннитаърих ва ҳуқуқи муассисаи мазкур низ иштирок карданд. Тибқи нақшаи таълими мавзӯи дарси мазкур “Шартномаи меҳнатӣ ва тартиби бастани он” буд. Таҷрибаомӯз Ҷаҳонгир Махкамов аз лаҳзаи оғоз дарс аз усулҳои дар хотир нигоҳдорӣ, пурсишу посух истифода бурд.Мавсуф ҳангоми баёни мавзӯи нав аз таълими салоҳиятнок корбаст кард. Хонандагон дар машғулияти дарсӣ хеле фаъол буданд. Чуноне ки худ иброз дошт: “Мақсади ман бо истифода аз усулҳои муосири таълим васеъ намудани ҷаҳонбинии хонандагон, фаъол гардонидани якояки хонандагон, бедор намудани шавқу завқи ҳамаи онҳо ба донишандӯзӣ мебошад.”

Таҷрибаомӯз бо воситаҳои аёният: шиноснома, нусхаи шартнома, дафтарчаи тиббӣ, дафтарчаи меҳнатӣ ва ғайра диққати хонандагонро ба дарс ҷалб намуд.

Дарси таҷрибаомӯз-Ҷаҳонгир Махкамоводдӣ ва ҳам шавқовар гузашт, барои он ки дар дарси Ҷаҳонгир Маҳкамовистифодаи усули фаъоли таълим, методи интеррактивӣ, (ҳамкорӣ, гурӯҳбандӣ) нишонаҳои салоҳиятнокӣ дида мешуд ва тамоми хонандагон дар дарс фаъолнокии худро бо таври саволу ҷавоб нишон доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ