​Факултети забонҳои шарқ: Ҷамъбасти ҳафтаи хитоӣ

Бахшида ба ҷамъбасти ҳафтаи хитоӣ дар факултети забонҳои шарқ бо иштироки Чен Хонгбин, директори институти Конфутсий чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Чен Хонгбин сухан ронда, ҷиҳати омўзиши забони хитоӣ ба донишҷӯён пешрафту муваффақият таманно намуда, арз дошт, ки роҳбарияти институти Конфутсий ҷиҳати ҷалби бештари ҷавонони тоҷик ба омўзиши забони хитоӣ квота ихтисос дода,имконияти мусоид фароҳам овардааст.

Декани факултети забонҳои шарқ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ислом Раҳимов баромад намуда, доир бар риштаҳои дўстии мардуми Тоҷикистону Хитой ва густариши ҳамкориҳои судманди ин ду ҳамсоякишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуд

Баъдан аз ҷониби донишўён рақси тоҷикию хитоӣ, суруд, саҳначаи ҳаҷвӣ ва филми хитоии тарҷумагашта намоиш дода шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки тӯли ҳафтаи хитоӣ дар факултети забонҳои шарқ баҳри бедор намудани шавқу рағбат ба омӯзиши забони хитоӣ байни донишҷўён озмунҳои диктантнависӣ ва рӯзномаи девории беҳтарин сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ