Устувории ҷомеа – бурди миллат!
Шунидани баромаду суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои идонаю сиёсӣ ба ҳар як фарди ватандӯсту хештаншиноси Тоҷикистон шодию фараҳ мебахшад. Зеро,ин шахсияти мӯътабар давоми маърӯзаҳо бо қироати матн ё берун аз он бо симои хушҳоли ҷиддӣ, самимона, қомати росту таҳамтанӣ, бо забони шево ваа лазизи тоҷикӣ ҳарф мезананд, ки манбаи омӯзишу таҳқиқи забоншиносони тоҷик мебояд қарор гирад. Мӯҳтавои ҳамаи суханрониҳои Пешвои муаззами миллат ҳувайдои таҳлили вазъи имрӯзаи иқтисодиёти кишвару мушкилотҳои сиёсии ҷаҳонро дар бар мегирад, ки шаҳодати сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бидуни ин шахсияти мӯътабарро далолат медиҳад. Дар баромадҳояшон Пешвои миллат ҳатман як навиду иқдоми тозаеро, ки ба манфиати ҷомеа нигаронида шудааст, ифшо менамоянд, ки боиси рӯҳбаландии мардуми заҳматкаш ва суботи ҳаёти ҷомеа мегардад.
Баъзан, ба худ суоле медиҳам, ки “то ба кадам андоза хиради Пешвои муаззами мо баланд асту чӣ тавр фурсати китобхонӣ доранд?”. Зеро, дараҷаи таърихдониву кушодани мӯҳтавои маъхазҳои таърихӣ дар баромадҳояшон хеле возеҳу дақиқ ва таҳлили чуқурро дар бар мегирад. Эҳтимол аст, худ, ки китобхону китобдӯсти асиланд, мехоҳанд, ки дигарон низ чунин бошанд. Хусусан, таъсиси озмунҳои сершумори илмию фарҳангӣ, аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва ғайра дараҷаи олии соҳибфарҳангӣ мебошад, ки барои дигарон мояи ибрату раҳнамо ба ҳаёти муваффақона мебошад.
Ҳангоми ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 26 – уми январи соли равон дар ҳошияи татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф давоми солҳои 2020-2040-ум” пешниҳод гардидани ташкили озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ва бо андозаи 30 фоиз баланд бардоштани стипендияи донишҷӯёну аспирантон, докторантон ва навидҳои умедбахши дигар дар соҳаи илму маориф далолати сатҳи хираду фарҳанги олӣ ва инсондӯстӣ, дурбиниву дурандешии Пешвои муаззами миллат мебошад.
Зиёиёни миллат шукрона мекунанд, ки чунин сарвари илмдӯсту маърифатпарвар, ғамхору самимӣ дорему ифтихор менамоем, ки зери ғояҳои қутбнамои шахсияти нотакрор ҳамаи ҳидоятҳо, дастуру супоришҳояшон амалӣ мегардад. Моён, ҳамеша омодаем, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ҳамаи нерую тавоноии худро ба харҷдода бошем, то он, ки Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол аз имрӯза бештар ободу шукуфон бошаду сулҳу субот доимо ҳукмфармо бошад.
Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”