​Донишҷӯён аз осорхонаи вилоятӣ дидан намуданд

Донишҷӯёни хобгоҳи №9 аз Осорхонаи вилоятӣ ва Боғи фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд. Ин иқдом ҷиҳати шинос намудани донишҷӯён бо таърихи миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии ҷавонон ба роҳ монда шуд.

Ба донишҷӯён дар бораи ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик маълумот дода шуда, оид ба тарзи зисту зиндагонӣ ва анъанаҳои мардуми тоҷик дар давраҳои гуногун иттилоъ доданд.

Ҳамзамон, донишҷӯён аз Боғи фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ташаббуси мазкур дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, мақсад аз он таҳкими худшинсоӣ ва огоҳ намудани ҷавонон оид ба таърихи ватану миллат унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ