​Семинарӣ илмӣ дар факултети геоэкология

Бо иштироки устодон ва магистрантони ихтисоси экологияи умумӣ таҳти унвони “Усулҳои муосири татбиқи меъёрҳои гигиенаи истеҳсолӣ дар муассисаҳои вилояти Суғд” семинари илмӣ доир гардид.

Семинарро роҳбари лоиҳаи “ЭРАСМУС +” профессор Ғаффорова У. ифтитоҳ намуда, ҳадафи лоиҳаро шарҳ дод.

Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Собиров Мурот дар мавзӯи “Шароити меҳнат ва ҳолати риояи гигиенаи истеҳсолӣ дар муассисаҳои вилояти Суғд” маърӯза намуд.

Номбурда таъкид дошт, ки дар корхонаҳои саноатии вилоят шароити меҳнатии кормандон ҷавобгӯи меъёрҳои гигиенӣ – санитарӣ намебошад, ки сабаби дучор гаштани кормандон ба бемориҳои гуногуни касбӣ ва ғайрикасбӣ мешавад.

Ҳамзамон, дар мавзӯи “Роҳҳои беҳтарсозии гигиенаи истеҳсолӣ” аз ҷониби дотсент Шарипова маърӯза шунида шуд.

Гуфта шуд, ки бо истифодаи таҷрибаи мавҷудаи ҷаҳонӣ имконияти беҳтар ва татбиқ намудани меъёрҳои гигиенаи истеҳсолӣ дар муассисаҳои вилояти Суғд мавҷуд аст ва мебояд дар ин самт фаъолияти мақомотҳои дахлдори давлатӣ ва илмӣ беҳтар ба роҳ монда шавад.

Доир ба ҷараёни истеҳсолӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва сатҳи риояи меъёрҳои гигиенӣ магистрантон ибрози назар намуда, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи гигиенӣ дар корхонаҳои саноатӣ пешниҳодоти худро ироа намуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ