Паём - роҳнамои зиндагӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷатест, ки ҷомеаи моро ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Агар ба муҳтавои Паём навбати эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахшҳо барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд.

Дар паёми имсола бисёр масъалаҳои мухиму аввалиндараҷа аз кабили инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат, кишоварзӣ, таъмини озукавории мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, соҳаи илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи манфиатхои миллӣ, ҳифзи озодиву истиклолияти кишвар, пешгирии ҷинояткории ноболиғон, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, тарбияи кадрҳо, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Масъалаи муҳими дигар, ки дар Паём мавриди барраси қарор гирифт, ин раҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад, зеро бидуни ҳалли ин масъала ба рушди босуботи иқтисодии мамлакат умед бастан мушкил аст. Бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад. Дар аёми имсола ироа гардид, ки «мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд». Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд

Дар умум бояд гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои пешин саросар ба беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нигаронда шудааст.

Барои амалӣ сохтаниин нақшаҳо танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои муайяннамудаамон наздик мекунад. Мардуми шарифу сарбаланд, ватандўсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдўстӣ кишварамон аз ўҳдаи бартараф кардани ҳамаи мушкилот ва иҷрои ҳама гунна амалҳои нек мебароянд, Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонида барои зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа шароити мусоид фароҳам меоранд.

Саркорбобоева М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ