Конфронси ҷумҳуриявӣ: “Муаммоҳои таълими забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои олии касбӣ: вазъи кунунӣ ва дурнамо”

Бо ташаббуси факултети забонҳои хориҷӣ таҳти унвони “Муаммоҳои таълими забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои олии касбӣ: вазъи кунунӣ ва дурнамо” конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ташкил гардид.

Конфронси мазкур дар ду бахш: методикаи таълими забонҳои хориҷӣ ва масъалаҳои забоншиносӣ ҷараён гирифта, дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” ба роҳ монда шуд.

Дар кори конфронс олимону муҳаққиқон ва устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Омски Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон иштирок ва перомуни мавзуъҳои марбут ба муаммоҳои таълими забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои олии касбӣ маърӯзаҳо ироа намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки конфронс дар бахшҳои алоҳида идома ёфта, дар назар аст, ки оид ба масоили таълими забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои олии касбӣ наздик 100 маърӯза ироа мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ