​Ҷамшед Маъруф: Ба ҳама иттилоъ бо тафаккури интиқодӣ назар намоед

Ин навбат маҳфили "Нерӯи сухан" бо иштироки журналист, медиатренер ва далелсанҷ Ҷамшед Маъруф доир гардид.

Унсурҳои муҳими далелсанҷӣ, омилҳои таъмини рушди тафаккури интиқодӣ ва саводи расонавӣ аз мавзӯъҳое буд, ки перомуни он ба иштирокчиён маълумотҳои муфид ироа гардид.

Таъкид гардид, ки дар раванди ҷаҳонишавии муосир иттилоъ бо суръати баланд паҳн гардида, ҳамакнун зарурияти омӯзиши далелсанҷӣ пеш омадааст.

Аҳамияти рушди тафаккури интиқодӣ дар самти гирифтор нашудан ба дасткорӣ, ба истилоҳ "манипуляция" ба иштирокчиёни "Нерӯи сухан" шарҳ дода шуд.

Ҳамзамон, доир ба майлонҳои нави журналистика ба донишҷӯён маълумот манзур гардида, муҳимияти огоҳӣ аз трендҳои ҷадиди соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокчиёни маҳфил аз таҷрибаи фаъолият ва мароҳили кор дар намудҳои гуногуни воситаҳои ахбори омма аз Ҷамшед Маъруф суол намуда, посух ва барои тақвияти ҳамкориҳо маслиҳатҳои муфид гирифтанд.

Бо табодули афкор миёни иштирокчиён ва ироаи пешниҳодот ҷиҳати омӯзиши мукаммали далелсанҷӣ дар маҳфилҳои навбатӣ ба кори маҳфил хотима бахшида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ