​Донишҷӯён аз хона-музейи Турсунзода дидан намуданд

Як гуруҳ донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ аз хона-музейи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода боздид намуданд. Ин ташаббус дар доираи таҷлил аз 110 солагии устод Турсунзода ва ҷиҳати гиромидошти хотираву номи неки мавсуф ба роҳ монда шуд.

Донишҷӯёнро куратори гуруҳ Нуридинова Нилуфархон ҳамроҳӣ намуда, аз нақшу хидматҳои Мирзо Турсунзода ҷиҳати таъмини дӯстии халқҳо таъкид намуд.

Ба донишҷӯён иттилоъ дода шуд, ки дар хонаи мазкур устод Мирзо Турсунзода ҳамроҳи оилаашон ҳангоми ба шаҳри Хуҷанд ташриф омадан зиндагӣ карда, пас аз фавти ӯ ин хонаро ба хона-музей табдил додаанд.

Донишҷӯён бо тарзи зист, либос, ашё ва дигар ҷиҳози хонаи устод Турсунзода аз наздик шинос шуда, тасаввурот ва маълумоташон доир ба ҳаёт ва фаъолияти Шоир бештар гардид.

Хотиррасон менамоем, ки феълан дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба хотири арҷгузорӣ ба саҳму хидматҳои Мирзо Турсунзода ва сазовор таҷлил намудани 110 – умин солгарди устод силсилаи чорабиниву ташаббусҳо идома дорад, ки боздиди донишҷӯён аз хона-музейи шоир аз зумраи чунин ибтикорот аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ