​Таҷрибаомўзӣ- омили тайёр намудани мутахассисони баландихтисос

Донишҷўёни соли сеюми ихтисоси «Мошинҳои ҳисоббарор, низомҳова шабакаҳо»-и факултети физикаю техника таҷрибаомўзии истеҳсолиро дар корхонаи муштараки «САМО» оғоз намуданд.

Таҷрибаи истеҳсолии донишҷӯён яке аз муҳимтарин қисмҳои омоданамудани мутахассисони баландихтисос ба шумор рафта, он дар корхонаҳою муассисаҳои номдор гузаронида шуда, омодагии назариявии донишҷӯёнро бо фаъолияти амалии онҳо таъмин сохта, барои фаъолияти касбии эшон мусоидат менамояд.

Ҷиҳати ошноӣ пайдо кардан аз рафти таҷрибаомўзии истеҳсолӣ мудири шўъбаи таҷрибаомўзӣ дотсент Пўлотов Назирҷон ба корхонаи муштараки «САМО» ташриф оварда, ба таҷрибаомўзон муҳимияти таҷрибаомўзии истеҳсолиро фаҳмонид ва ҷиҳати пайдо кардани маҳорат, малакаи касбӣ ва самаранокии таҷрибаомўзӣ маслиҳатҳои муфид дод.

Ҳамзамон, барои қабули самимӣ мудири шўъбаи таҷрибаомўзӣ дотсент Пўлотов Н. ба маъмурияти корхонаи муштараки «САМО» аз номи раёсати донишгоҳ миннатдорӣ баён намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ