​Дар ҷараёни Ҳафтаи илм 1728 маърӯза ироа ва беҳтаринҳо қадр гаштанд

Чун ҳамасола дар нимаи дуввуми моҳи апрел дар асоси роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи илми тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир мегардад. Дар арафаи Рӯзи илми тоҷик ҳафтаи конференсияҳои илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, магистрантону донишҷӯён ба унвони яке аз муҳимтарин чорабиниҳои илмӣ доир мешавад.

Бо ин мақсад дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз 14-ум тто 21-уми апрел, ҳафтаи конференсияҳои илмӣ гузаронида шуда, дар он муҳимтарин роҳу усул ва дарёфти ҳалли муамммоҳои илмҳои мухталиф дар суханрониву маърӯзаҳои пурмуҳтавои аҳли илми донишгоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳафтаи конференсияҳои илмии соли ҷорӣ низ ба ифтихори санаи рӯйдоди муҳими таърихӣ дар сарнавишти давлату ҳукуматдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба вуқуъ пайвастанд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат солҳои 2020- 2040 “20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ”, эълон карда шуд, ки ин пеш аз ҳама аз таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба масъалаи беҳдошти сифати таълиму тарбия дар самти илмҳои дақиқ, ки он дар соҳаи маориф барои баланд бардоштани савияи дониш, маҳорат, малака ва ҷаҳонбинии насли навраси мамлакат саҳм мегузорад. Инчунин, конференсияи мазкур ба истиқболи “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “700-солагии Камоли Хуҷандӣ”, “5500-солагии Саразми бостонӣ” бахшида шуд. Дар ҳамоишу нишастҳои имсола аз тарафи устодон, олимони ҷавон, докторантону аспирантон, магистрантону донишҷӯён 1728 маърӯза пешниҳод гардид, ки аз ин миқдор ширкат ва ҳузури фаъоли ҷомеаи донишгоҳ омодагӣ дида, дар назди иштирокчиёни конференсия баромади пурмуҳтаво намуданд.

Воқеан ин гуна тадбирҳо имконият медиҳад, ки дар натиҷаи тағйироти босуръати ҷомеа, такмили мунтазами технология ба мазмун ва мундариҷаи маълумоти илмӣ навгониҳо ворид гарданд.

Кор бо техника ва технологияи навин усулҳои наву тозаи таълим тақозои ҳаёти имрӯз буда, зарурият ва моҳияти масъалаҳои замони муосир мебошад. Дар баробари тараққиёти илму техника ва технологияи замонавӣ тарзу усули кор низ такмил меёбад ва дар ин замина ниёзмандии зиёдро дорад. Аз ин рӯ, бештар рӯ ба илм ниҳодан ва дар роҳи ҷустуҷӯҳои илмӣ будан муҳим аст.

Дар ҷараёни ҳафта маърӯзаву мақолаҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ки беҳтарин маърӯзакунандаҳо қадр гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ