​Мизи мудаввар: Посдори таърихи миллат

Дар толори хурди раёсати донишгоҳ бахшида ба гиромидошти ёди таърихнигори барҷастаи Шарқ, академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Посдори таърихи миллат” мизи мудаввар баргузор гашт.

Дар он муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров доир ба фаъолияти илмиву сиёсии академик Бобоҷон Ғафуров ва аҳамияти китоби “Тоҷикон” ҳарф зад. Ў аз ҷумла таъкид кард, ки ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ифтихор аз он дорад, ки ин боргоҳи илму маърифат ба номи ин чеҳраи илмиву ҷамъиятӣ гузошта шуда, шогирдону алоқамандони осори ин таърихшиноси маъруф кору фаъолият мебаранд.

Баъдан, доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев, номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷӯрабек Исомитдинов, номзади илмҳои таърих, дотсент Шавкат Шарифов ва муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик, Ҷамолиддин Абдукаримов дар мавзӯъҳои “Бобоҷон Ғафуров – сарвари сиёсии Тоҷикистон”, “Бобоҷон Ғафуров – поягузори илми таърихнигории тоҷик дар асри 20”, “Шуҳрати ҷаҳонии аллома Бобоҷон Ғафуров” ва “Ғафуровшиносӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маърӯза ироа доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ