​Семинар: Тафаккури интиқодӣ: муаммо ва ҷустуҷӯ

Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури интиқодии омӯзгорон семинари 5 рӯза ташкил гардид. Семинари мазкур ба мавзӯи “Тафаккури интиқодӣ: муаммо ва ҷустуҷӯ” бахшида шуда, он беш аз 20 нафар иштирокчиёнро фаро гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки ташаббуси мазкур бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии “Бунёди мадад” дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он таҳкими дониши иштирокчиён дар самти тафаккури интиқодӣ унвон мешавад.

Барои иштирокчиён тренерон Абдураҳим Ҷӯраев – мушовири Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Зулайхо Усмонова – доктори илмҳои фалсафа, корманди институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи фанҳои Тоҷикистон ва Содиқов Мунаввар – аъзои Ассотсиатсияи тафаккури интиқодӣ доир ба мавзӯи мавриди баррасӣ маълумот дода, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии онҳо кӯшиш доранд.

Семинари мазкур то охири ҳафта идома мекунад. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик тафаккури интиқодӣ ҳамчун фанни таълимӣ дар раванди таълими донишгоҳҳо ҷорӣ карда шавад. Баргузории чунин семинар барои омода намудани мутахассисони ҳамин фан мусоидат хоҳад намуд.

Гуфта мешавад, ки ба иштирокчиён дар ҷамъбасти семинар шаҳодатнома супорида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ