Донишҷӯёни лаёқатманд ба "Ҳафтаи худидоракунӣ" ҷалб шуданд
Дар толори раёсати донишгоҳ дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд ва фармоиши ректори донишгоҳ озмуни “Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” гузаронида шуд.
Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини ректор оид ба тарбия, доктори илмҳои таърих, профессор - Аюб Усмонов иштирок намуда, доир ба ғамхориву таваҷҷуҳ ва боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон, рушди соҳаи маориф ва илм дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, ҷалби ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва хизмати давлатӣ ва дигар самтҳои муҳимми сиёсати давлатии ҷавонон суханронӣ намуд.
Аз ҷониби масъулини озмун довталабон бо тартиби баргузорӣ ва ҳадафи озмун шинос карда шуда, ҳайати комиссияи озмун – мудири шуъбаи тарбия дотсент Бахтиёр Шомирзоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон - Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи тайёр кардани кардҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ – Боҳир Раҷабов, мудири бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо - Самандар Қурбонов, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия – Маҳинабону Бобоҷонова донишҳои тахассусӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, сатҳи забондонӣ ва маҳорату малакаи довталабонро санҷиданд.
Дар озмун наздик 100 нафар донишҷӯёни фаъолу болаёқат иштирок намуда, беҳтаринҳо барои иштирок дар даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил