ДДХ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ мақоми сеюмро соҳиб шуд
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи рейтинги ҷамъбасти Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми сеюмро касб намуд.
Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Дониш талабу бузургӣ омӯз..." имсол дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардида, дар он донишҷӯёни 35 муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Олимпиада донишҷӯён аз рӯйи 14 фанни таълимӣ сабқат намуда, донишсанҷӣ намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи мазкур наздик 400 нафар муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ба маркази вилояти Суғд ташриф оварда буданд.
Олимпиада санаҳои 28-29 майи соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор шуда, аз ҷониби масъулин тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.
Пас аз кори комиссияи аппелятсионӣ натиҷаҳои озмун эълон шуда, маросими ҷамъбасти Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми имрӯз дар "Кохи Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Мувофиқи натиҷаи кори комиссия дар байни 35 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи якумро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ҷойи сеюмро Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил