Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ
Санаи 25-уми феврали соли 2019 бахшида ба муносибати “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маҳфили илмию амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии «Информатика», таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”доир гардид.
Ба маҳфили илмӣ-амалӣ мудири кафедраи мазкур дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов оғоз бахшид.
Озмуни мазкур аз рўи 3 шарт «Саволу ҷавоб тариқи шифоҳӣ», «Кор бо тахтаи электронӣ» ва «Ворид намудани матн ба компютер» ба роҳ монда шуд ва устодони кафедра баъди иҷрои ҳар бахш баҳогузорӣ менамуданд. Сазовори ҷойи якум донишҷўйи соли аввали факултети педагогӣ гурӯҳи 105 Азизова Ситора, ҷойи дуюм аз гурӯҳи 101 Мансуров Фаррух ва ниҳоят зинаи сеюм насиби Ҳаққулова Адиба аз гурӯҳи 103 гардид.
Устод Ҳусейнбой Аҳмедов барои ғолибони маҳфил аз номи ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷўразода ифтихорнома ва дигар тўҳфаҳои хотиравиро супорид. Ба муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии информатика Ҳасанова Махфират, барои ғолибияти шогирди хеш дар зинаи аввал ифтихорнома низ супорида шуд.
Дар интиҳо иштирокчиён ба омӯзгорон барои ташкил кардани чунин маҳфили илмию амалӣ изҳори ташаккур намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил