Факултети иқтисодӣ: ғолибияти донишҷӯён дар озмуни вилоятӣ

Донишҷӯёни ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудити факултети иқтисодӣ дар озмуни ҶДММ «Фаровон 1”, ки дар мавзӯи "Современные навыки и компетенции. Роль IT и SOFT SKILLl в современном мире” доир гардид, ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд.

Озмуни мазкур байни муассисаҳои олии вилояти Суғд гузаронида шуда, маросими ҷамъбасти он дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ташкили озмуни мазкур дарёфти истеъдодҳои нав ва дастгирии донишҷӯёни лаёқатманд мебошад.

Ба ғолибон сипоснома, сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ