​Конфронс: Баррасии проблемаҳои муосири таҳсилоти математикӣ ва технологияи иттилоотӣ

Таҳти унвони “Проблемаҳои муосири таҳсилоти математикӣ ва технологияи иттилоотӣ дар мактабҳои миёнаю олӣ” бо ибтикори донишгоҳ дар ҳамҷоягӣ бо Раёсати маорифи вилоят конфронси вилоятии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Ин иқдом бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040 ба роҳ монда шуд.

Конфронси мазкур дар чор бахш идома карда, дар доираи бахшҳо муаммоҳои муосири таҳсилоти математикӣ дар мактабҳои олӣ, таъмини муносибати салоҳиятнокӣ дар таълим, моделиронии амалиёти таълимӣ дар омӯзиши мафҳум ва муносибатҳои назариявӣ, истифодаи компютер дар раванди таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ дар доираи конфронси мазкур 76 маърӯза ироа гардида, бо супоридани сертификатҳо ба кори конфронс ҳусни анҷом бахшида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ