Таълим: “Усулҳои муосири баргузории машғулиятҳо дар раванди таълим – омили рушди сифати таҳсилот”


Бо мақсади татбиқи амалии Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба мақсади, рушди раванди таълим, таҳкими сатҳу сифати тадрис, роҳандозии шаклу намудҳои навини таҳсилот, корбасти усулҳои ҷаҳонии таълим, ташкил ва баргузории муҳимтарин чорабиниҳои таълимиро ба роҳ мондааст.Ташкил ва баргузории чорабиниҳои таълимию маърифатӣ дар таҳкими ислоҳоти дурусти ҷараёни низоми таҳсилот дар донишгоҳ мусоидат менмояд.

Аз ин лиҳоз санаи 23-уми янари соли равонбо ибтикори раёсати донишгоҳ семинар – машварат зери унвони “Усулҳои муосири баргузории машғулиятҳо дар раванди таълим – омили рушди сифати таҳсилот” бо иштироки муовинони ректор ва устодони донишгоҳ баргузор карда шуд.

Кори семинар-машваратро профессор, муовини ректор оид ба таълим Раҳимов А. И. оғоз бахшида аз мақсади баргузории маҳфил сухан ронд. Аз ҷумла қайд кард: “Ҳадаф аз баргузории ин семинар пеш аз ҳама таҳким бахшидан ба сифати дарс, такмили ҷанбаҳои илмӣ – методии машғулиятҳои назарӣ, амалӣ, лабораторӣ, корбасти шаклҳои нави дарс, истифодаи усулҳои фаъолу навгаро ва ба талаботи замони муосир ҷавобгў ба ҳисоб меравад. ”

Мавриди зикр аст, ки дар семинари мазкур масъалаҳои муҳими марбут ба мавзӯъ ба миён гузошта шуда, устодони донишгоҳ маърӯзаҳо намуданд.

Исоматдинов Ҷ. дотсент, мудири кафедраи таърихи Ватан ва археология дар мавзӯи “Ташкили корҳои мустақилони донишҷӯён дар низоми кредитии таҳсилот” баромад намуд. Мавсуф оид ба масъалаҳои кори мустақилона, махсусиятҳо, мақсад, шакл, намуна ва сатҳи он таҳлилҳои пурмазмун карда, инчунин дар бораи саҳми омӯзгорон дар рафти иҷрои корҳои мустақилона ва таҳияи барномаҳои таълимӣ аз ҷониби онҳо, нуктаҳои асоснок иброз намуд.

Ҳамзамон Абдуллоев А. дотсент, сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, зери мавзӯи “Ташкил ва баргузории машғлиятҳои таълимӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ” маърӯза карда, дар ин маврид якчанд муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳоро ба иштирокчиён пешниҳод кард. Номбурда қайд намуд: “ Дар донишгоҳ таҳсилоти фосилавӣ дар солҳои таҳсили 2017-2018 ташкил ёфта, айни замон 1458 нафар донишҷӯ аз дохил ва хориҷи кишвар дар ин низом таҳсил мекунанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки беш аз 70 % донишҷӯ дар ин раванд масъулияти ҷиддӣ нишон дода истодаанд.”

Шоира Ҳакимова дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, дар мавзӯи “КМРО ва роҳу усулҳои самарабахши ташкили он” гузориш намуда, дар бораи тарз ва роҳҳои ташкили манфиатовари кори мустақилона бо роҳбарии омӯзгор ибрози ақида кард.

Шерматов Ш.М. дотсент, мудири кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика таҳти мавзӯи “Роҳҳои гузронидани корҳои лабораторӣ дар низоми киридитии таҳсилот” баромад намуда, гуфт: “Боиси қаноатмандист, ки дар донишгоҳи мо лабораторияҳо дар самти фанҳои дақиқ фаъолияти назаррас доранд, ки бо устодони соҳибтаҷриба ба як мактаби омўзишӣ дар миқёси ҷумҳурӣ табдил ёфтаанд. Бахусус, истифодаи лабораторияҳои виртуалӣ дар машғулиятҳо ташкили навъҳои викторина, меъёрҳои арзёбии дурусти дониши донишҷўён аз мавзўъҳои ҷолиб ва зарурӣ ба ҳисоб мераванд.”

Дар ҷамъбаст аз ҷониби иштирокчиён ба маърӯзачиён саволҳо пешниҳод карда шуда, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Кори семинар - машварат санаи 23- 24-уми январ дар факултету кафедраҳои умумидонишгоҳӣ идома ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ