​Факултети биология ва химия: 26-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ муборак!

Санаи 21-уми феврали соли 2019 дар факултети биология ва химия чорабинии бошукӯҳ бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст сухани табрикотиро декани факултет, дотсент Мирзобаҳодурова Шаҳноза оғоз намуда, меҳмони чорабинӣ ҷанговар- интернатсионалист, шоир, муовини директори литсейи касбии шаҳри Истаравшан Ҷумъабоев Ҳотам Рӯзибоевичро хайрамақдам гуфт.

Сипас, Ҳотам Рӯзибоевич барои ташкили чорабинӣ изҳори сипос намуда, аз таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва фаъолияти он маълумот дод. Мавсуф зикр намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби бузурги мардонагӣ мебошад ва имрӯз ҷавонон бояд бо шукрона аз сулҳу суботи кишвар хизмати Ватан-модарро иҷро намоянд. Тайи 26 соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштааст ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтааст ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбад.

Бояд қайд намуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 23 феврал тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Сипас, аз ҷониби донишҷӯён ба меҳмони чорабинӣ саволҳо пешниҳод гардида, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид.

Дилфуза Қаюмова - донишҷӯи курси якуми

факултети биология ва химия, аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ