Факултети педагогӣ: Соати тарбиявӣ таҳти унвони “Дастовардҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Дар факултети педагогӣ тибқи нақша - чорабиниҳои тарбиявӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соати тарбиявӣ таҳти унвони “Дастовардҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз тарафи устодони кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо гузаронида шуд.

Аз рӯи барнома чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет Рабиев С.М. оғоз намуда, донишҷӯёнро бо дастовардҳои донишҷўёни факултет дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос карда, онҳоро барои ҷамъбасти бомуваффақияти соли 2018 ва бо фарорасии соли нави 2019 табрику таҳният намуда, барои таҳсили ояндаи онҳо комёбиву барор орзу намуд.

Сипас, мудири кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо Абдусамадова М.А. дар мавзӯи “Мавқеи ҳунари ороишию амалӣ дар завқи бадеии ҷавонон” баромад намуда, оиди корҳои эҷодию меҳнати дастии донишҷӯён ва мавқеи ҳунарҳои волои онҳо суханронӣ намуд.

Дотсенти кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо номзади илмҳои биологӣ Валаматова С.М. дар мавзӯи “Рушди сайёҳӣ иқдоми некбинонаи Пешвои миллат” маърӯза намуда, оид ба имкониятҳои сайёҳӣ, мавзеъҳои зебои Тоҷикистон (тариқи муаррифӣ) маълумоти муфассалро пешниҳоди донишҷўён гардонид.

Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби донишҷўёншеърҳодар васфи Тоҷикистон, ҳунару ҳунармандӣ қироат карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ