​Маҳфил: Омӯзиши осори Пешвои миллат

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ ҷиҳати шиносоӣ ва омӯзиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳфил доир гардид.

Дар доираи ин иқдом номгӯйи осори пурғановати Пешвои миллат муаррифӣ шуда, устодони кафедра доир ба муҳтаво, арзиш ва аҳамияти мутолаи он ибрози назар намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки қаблан ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави дастуру супоришоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 номгӯ, 103 адад кутуби арзишманд тақдим шуда буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ