​15 мақоми намоён дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм -фурӯғи маърифат”

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм -фурӯғи маърифат” 15 мақоми намоёнро соҳиб гардид. Ин дастовардро донишҷӯёни донишгоҳ аз рӯйи ҳафт номина соҳиб гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз рӯйи номинаи математика – 2, физика ва астрономия – 3, география – 3, химия – 2, биология – 2, технологияи иттилоотӣ - 1 ва ихтироъкорӣ ва навоварӣ – 2 ҷойи намоёнро ба даст оварда, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм -фурӯғи маърифат” дар доираи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2024, № АП-481 бо мақсади амалисозии “Бистсолаиомӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва дарёфти чеҳраҳои риёзидону табиатшинос, нақшакашу ҷуғрофидон, ихтироъкору барномасоз дар саросари кишвар роҳандозӣ мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ