Семинари иттилоотӣ ва омӯзишӣ барои устодон

Дар толори хурди раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ семинари иттилоотӣ ва омӯзишӣ барои устодон ва кормандони донишгоҳ ҷиҳати таҳияи лоиҳа дар доираи барномаи «Community Solution Program» барои соли 2020-2021 баргузор гардид.

Семинар бо иштироки ғолиби озмуни барномаи мазкурНасиба Мирпочоева гузаронида шуд ва дар доираи он устодони факултетҳои забонҳои хориҷӣ ва забонҳои шарқ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Мадинахон Сидиқова ҳадаф ва мақсади семинарро шарҳ дода, аз манфиати иштирок дар барномаи «Community Solution Program» сухан кард.

Перомуни аҳамияти барнома Насиба Мирпочоева ибрози назар намуда, зикр дошт, ки лоиҳаи «Community Solution Program» дорои аҳамияти бузурги байналмилалӣ буда, ҷиҳати рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши муассир дорад.

Мавсуф таъкид намуд, ки барномаи «Community Solution Program» барои такмили ихтисос дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба энергетика ва муҳити зист, сулҳ ва ҳалли муноқишаҳо, зан ва масъалаҳои гендерӣ равона карда шудааст.

“Барномаи «Community Solution Program»ҷиҳати такмили малакаи роҳбарӣ ва идоракунӣ таҳия шуда, барои баланд бардоштани малакаи забондонӣ ва салоҳияти касбии мутахассисони ҷавон заминаи хуб фароҳам меоварад”- қайд шуд зимни семинар.

Ба иштирокчиён оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои лозима ҷиҳати иштирок дар барнома маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Ҳамзамон, Насиба Мирпочоева ба иштирокчиёни семинар дар бораи таҷриба ва хотираҳои хеш аз иштирок дар барномаи «Community Solution Program»нақл намуд.

Дар интиҳои семинар ба суолҳои иштирокчиён посух дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ