Паймони миллӣ - як ҳаракати террористӣ

Бояд қайд кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соли 2020 ба як буҳрони бузурги сиёсиву иқтисодӣ рӯбарӯ гардид. Аз ин вазъияти буҳронӣ гуруҳҳои манфиатдор мехоҳанд, истифода бурда, нақшаҳои палидонаи хешро амалӣ созанд. Дирӯз ба воситаи сайтҳои хеш Паймони террористии ба номи миллӣ чанд таклифҳои муғризонаи хешро ба ҳукумати мамлакат пешниҳод кардааст. Маълум гардид, ки дар ҳамин ҳолат ҳам ин ташкилот ғами мардуми тоҷикро намехӯрад ва мақсади пешрафти мардумро надорад. Танҳо ба хоҷагони хеш хидмат карданӣ ҳастанд. Вақти инсон фурӯхта шуд, вай одами озод ва мустақил нест, балки мисли тӯтӣ ҳар ҷизе, ки дигарҳо мегӯянд ҳамонро такрор мекунанд. Хоҷагони онҳо ба пеши мардуми тоҷик бо истифода аз вазъи сиёроятёбии одамони бегуноҳ чанд вазифаро пеш гузоштаанд. Яке аз вазифаҳо гӯш кардани ҳарфҳои онҳо мебошад. Аз ин ҷиҳат онҳо таъкид карданд, ки бояд ин таклифҳоро Шумо пазиред в-агарна коронавирус ба суроғи шумо меояд. Боз таҳдиди навбатӣ ба халқи тоҷик.

Мо як бори дигар ба ин террористон нигоҳ карда мегӯем, ки монед дар ин вазъияти буҳронӣ мардум кори худашро кунад. Бе шумо тайи ҳазорсолаҳо зиндагӣ карда омадааст ва боз ҳам ҳазорсолаҳои дигар зиндагӣ хоҳад кард.

Аз навиштаҳои паймони террористӣ ягон ҳарф ба манфиати мардуми тоҷик нест ва танҳо аз таҳдиду воҳима иборат аст ва мо онро маҳкум мекунем.

Бобоева Барно, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ